Ин ҳама аъзову ҷисм охир ҷудо хоҳад шудан.
Мерасад охир аҷал,Ӯ меситонад ҷони мо,
Ин тани беҷони мо охир фано хоҳад шудан.
Мебарояд ҷон зи тан,ин тан бимонад хору зор,
Дар даруни гӯри танг,медон,савол хоҳад шудан.
Ду малак ояд барои пурсиши Ислому дин,
Гар надони дини Ислом,чун азоб хоҳад шудан.
Боз пурсанд аз Набию дину миллат он замон,
Ин замон андар ҷавоб онҷо чиҳо хохад шудан.
Ё Илоҳо,лутф кун онҷо мани дармондаро,
В-арна лутфи Ту набошад сахтиҳо хоҳад шудан.
Ин тани фарсуда андар гӯри танг аз лутфи Ӯ,
Гӯри танг аз лутфи Ӯ гавҳораат хоҳад шудан.
Лутфи Ӯ бар мову ту,медон,зи алтофи қадим,
Ҳама душворӣ ба мо к-он ҷо Худо хоҳад шудан
Пайравӣ бояд ба шаръи он Расули раҳнамо,
Чу рӯзи ҳашр шафоъат,дон,ба мо хохад шудан.
Гир ту дасти пири комил аз барои ишқи Ӯ,
Аз маю бода бинӯш,ошиқ ба он хоҳад шудан.
Ошиқи хори ҷафо бин андар ин олам басе,
Дар сарои охират чун нозира хоҳад шудан.
Чун "вуҷуҳи нозиро" бошад ба Ҷаннат ваъдааш,
Рӯъияти Зоти варо бе кайф ба мо хоҳад шудан.
Чун тӯӣ,Абдурраҳим,аз ошиқони камтарин,
Сӯзи ишқашро гузин,рӯъят туро хоҳад шудан.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев