Предыдущая публикация
Гарди хоки дигарам,дар ин даман афтодаам.
Даври м ан гуяд сухан бо лафзи худ зогу заган,
Тутии ширинсухан,ох, аз сухан афтодаам.
Аз чахонгарди дили бечораам гаш мекунад
У намедонад чаро дар аз Ватан афтодаам.
Сад дарего,гар сар омад умри ман дар мулки гайр,
мурдаамро кас нашуяд, аз кафан афтодаам.
Зери пои хар гурозе лаъли нобе рехта,
Аз баландии Бадахшон канда ман афтодаам.
Точикистон, бахри бархе кадри ту сомони шуд,
Аз кафои долару рублу юан афтодаам.
Бо маошу мансаби воло гуломе беш на,
Чун мухочир,чун мусофир ман ба фан афтодаам.
Эй,Азиз,андар диёрат буд номам дар забон,
Дар гурубат боз,бингар,аз дахан афтодаам.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев