Охир ин оёти равшан мӯъҷизи пайғамбар аст,
Ин Каломуллоҳ амонат аз Расули Азҳар аст,
Ҳеҷ кофир бо амонат ин хиёнат мекунад?
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
Рӯзи маҳшар дар миёни анбиёву авлиё,
Мекунад Қуръон шикоят дар бисоти Кибриё,
Мезананд аз ғам ба сар пайғамбарону асфиё,
Пас Худо ташкили девони адолат мекунад.
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ман чӣ кардам бо шумо, ин қисм хорам кардаед?
Пеши ҳар ломазҳабе беэътиборам кардаед?
Дар миёни кӯча пургарду ғуборам кардаед?
Ҳеҷ кас бо дину оин ин шаноат мекунад?.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ман каломи рӯҳбахши кибриёӣ будаам,
Мӯъҷизи Пайғамбар, илҳоми худоӣ будаам,
Ман куҷо эй қавм асбоби гадоӣ будаам?
Ҳар касе аҳкоми динашро риоят мекунад.»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад...
«Ҳеҷ Тавроте шуда пеши яҳудон мисли ман?
Ҳеҷ Инҷиле ба хок афтода ғалтон мисли ман?
Ҳеҷ Занде гашта помоли маҷусон мисли ман?
Ҳеҷ ҳиндуе чунин зулму фазоҳат мекунад?»
Дар қиёмат аз шумо Қуръон шикоят мекунад... .


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев