Ҳангоме ки бо Худо гуфтугу мекуни...
Чун мехоҳи бо хешованде, дусте ё азизе суҳбат куни, бояд, ки дар ҳисоби телефонат маблағи кофи вуч,уд дошта бошад, то ин муколамаро ба анч,ом расони, агар дар дохили кишвар бошад, камтар ва агар дар хорич,и кишвар бошад, бештар.
Чун шахсеро дуст бидори, парвои нархи гуфтугуи телефониро нахоҳи дошт, он ҳар қадар боло бошад ҳам, азизе ки бо у суҳбат мекуни, бароят азизтар ва гаронбаҳотар аз қиммати гуфтугуи телефонист.
Аммо, вақте ки бо Худо дар намоз гуфтугу мекуни, ту ниёз ба пур кардани ҳисоби телефони ҳамроҳ надори.
Ҳангоми гуфтугу бо Худо туро лозим нест, ки суханони худро ба такрор бигуи, боз аз ин низ мушаввашхотир нахоҳи буд, ки У суханони ту ва мақсудатро дуруст дарк накунад.
У ягона касест, ки туро комилан мефаҳмад ошкору ниҳонатро медонаду дарк мекунад.
Ҳангоми гуфтугу бо Худо ту нахоҳи гуфт, ки маъзарат мехоҳам, ки музоҳимат мешавам, оё ич,озат аст, ки барои ман дақиқае чанд ч,удо куниву суханон ва арзи маро бишнави?
Ва оё медони, ки аз ҳама муҳимтарин чиз дар ин миёна чист?
Ҳеч, зарурате нест, ки садоятро баланд куни, то У туро бишнавад, зеро У бе гуфтани ту ҳам медонад, ки чи дар дил дори ва чиро мехоҳи бигуи, аммо аз У дархост кардан шоистаи мақоми бандагии туст ва ибодатест бузург ва тақарруб ба суи У ва муч,иби ризояташ.
У ягона касест, ки бе ҳеч, хич,олат метавони, рози дилатро бо У бигуи.
Шигифт ин аст, ки қабл аз забон ба сухан кушодан, У чи гуфтанатро медонад, вале бо вуч,уди ин, аз руи меҳрубони суханатро мешунавад ва намегуяд, ки дар ин бора мо чандин бор гуфтугу карда будем, ё ин масъала сад бор барраси шуда буд, ба мавзуъи дигар бипардоз ва ё ба ин мавзуъ дигар барнагард!
У аз шунидани суханонат хаста намешавад, ба сутуҳ намеояд, ҳарчанд суханонат ва дархостҳоят дар назарат ночиз ва ё муҳол бошанд, ич,рои дархостҳоят барои У ҳаргиз душвори наоваранд.
У танҳо касест, ки бе хич,олате метавони дар назди У гиря куни ва бо ҳама бузурги ва азаматаш барои мулоқот бо У кадом вақтеро ки бихоҳи, таъйин куни.
У танҳо касест, ки муддате тулони дусташ медори, бо ин ки Уро ҳаргиз надидаи.
Ва У низ туро дуст медорад, вале шояд, ту дар ин бора намедонисти, ё шояд, медонисти, вале фаромуш мекарди...
Пас аз кори хастакунандаи рузгор ё пас аз гиряи талх ту метавони, ба хоби ширин рави, вале У ҳаргиз намехобад ва туро ҳифз мекунад ва барои ту корсози мекунад.
У бароят неъматҳо ва чизҳоеро омода мекунад, ки агар ту медонисти, аз фарти шоди мегиристи.
Пок ва муназзаҳ аст он Офаридгоре ки ҳеч, чизе ва ҳеч, касе ба У шабоҳат надорад.
Пас, мо бандагони Худо, сипосу ҳамди Уро ба ч,ой орем ва Уро ба некуии ҳамчунон ки сазои Уст биситоем, ки шоистаи ҳамду санову ситоиш Уст.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев