Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
То ба кай исломи ту танҳо бувад андар забон
Номи динро бад масоз бо хулқи ноҳамвори худ,
Бо ҷаҳиданҳои ноҷо бо гапу гуфтори худ.
Нусрати Ислом ба кирдору амал бошад писанд,
Бе амал ҷуз лофе набванд он шиъорҳои баланд.
Ҳар куҷо бо номи аҷдодат, ки маъруф мешавӣ,
Бо мусулмонию Ислом насбу мавсуф мешавӣ.
Пас нигоҳе кун, ки киро мекунӣ бад дар ҷаҳон,
Бобу аҷдоди мусулмонат ба пеши кофирон.
Дини Ислом дини тавҳиду амал бошад яқин,
Ту ба кирдорат бикун нусрат ба ин дини мубин

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев