Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Маро аз қулфати дунё раҳо кун.
Агар бошам чу саг бар остонат,
Бароям меҳри Мавлоро раво кун.
Кушо бар ман дари роҳи ҳақиқат,
Агар курам ду чашмонам бино кун.
Забонам "ло-аллоҳ-иллоҳ"-гуяд,
Маро тафсири матни "Мо-тағо"кун.
Дилам гар дар миёни ин ду роҳа,
Фақат ғарқи ҳақиқат, ай Худо кун.
На парвои зару зевар бошам,
Насибам гавҳари шарму ҳаё кун.
Манам дилташнаи ишқи Муҳаммад (с а в),
Маро ёру ҳабиби Муртазо кун.
Худоё,ман ба даргоҳи ту нолам,
Умедворам маро хайру сафо кун.
Туфайли туст ҷон андар тани ман,
Маро лабташнаи оби бақо кун,
Зи ақли одами гар дур монам,
Мададгорам китоби Раҳнамо кун.
Омин раббал оламин

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1