Франческа Албаниз тасвиби созишномаи хариди газ аз режими саҳюнистӣ аз ҷониби Қоҳираро ҳимояти ин кишвар аз наслкушии саҳюнистҳо дар Ғазза донист.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Франческа Албаниз, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, бо интиқоди шадид аз созишномаи газӣ миёни Миср ва режими Исроил гуфт, ки ин созишнома нишондиҳандаи ҳимояти ҳайратангези Қоҳира аз Тел-Авив дар наслкушии фаластиниён аст.
Албаниз афзуд: Миср метавонад ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд, аммо хариди газ ба арзиши 35 миллиард доллар аз режими саҳюнистӣ нақзи қонунҳои байналмилалӣ мебошад.
Ӯ таъкид кард, ки ин созишнома нишонаи аҷибе аз ҳимояти режими саҳюнистӣ дар наслкушии фаластиниён аст.
Албаниз дар ҳисоби корбарии худ дар Икс аз кишварҳо хост, ки манфиатҳои иқтисодиро бар арзишҳои инсонӣ тарҷеҳ надиҳанд. https://tajikpress.com/2025/12/21/%d1%81%d0%bc%d0%bc-%d2%9b%d0%be%d2%b3%d0%b8%d1%80%d0%b0-%d2%b3%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d1%81%d0%bb%d0%ba%d1%83%d1%88%d0%b8%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd%d0%b8/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев