Предыдущая публикация
Ба ҷони ман мазанӣ ханҷаре, ки ҷони туям.
Қасам ба ашки ситора, ки ман гули себам,
Чу шабнам о ба канорам, ки ошёни туям.
Чи меҳрҳо, ки ту кардӣ нисори бегона,
Ба ман ту хашм гирифтиву меҳрубони туям.
Ба ростӣ, ки ту гоҳи бадӣ шабеҳи манӣ,
Чунон, ки ман гаҳи некӯиям ба сони туям.
Зи хокиён чу бадат мерасад, садоям кун,
Ки ман фариштаи танҳои осмони туям.
Ту охирин асари нур дар ғуруби манӣ,
Ман охирин нафаси сабз дар хазони туям.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев