Предыдущая публикация
Ту ҳамон астӣ, ки аз санг дилат сохтаӣ, Ман ҳамонам, ки ба дилсанг дилам бохтаам. Ту ҳамонӣ, ки алам аз ҷафо афрохтаӣ, Ман ҳамонам зи вафо оташе афрӯхтаам. Ту ҳамонӣ, ки маро ҳамчу тир андохтаӣ, Ман ҳамонам, ки туро ҳамчу зар андӯхтаам. Ту ҳамонӣ, ки намак бар ҷигари реш занӣ, Ман ҳамонам, ки ҳама дард фаромӯш кунам. Ту ҳамонӣ, ки чу занбӯр маро неш занӣ, Ман ҳамонам, ки асалвор туро нӯш кунам. Ту ҳамонӣ, ки гарон чун садафу дур' шудӣ, Ман ҳамонам, ки туро боз харидор шудам. Ту ҳамонӣ, ки зи ман сад қадаме дур шудӣ, Ман ҳамонам, ки ба хоки қадамат зор шудам.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 80