Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қандаҳор аз қавли муовини волии Зобул Муҳаммадҷон Расулёр хабар дод, ки дар байни халабонҳои тоҷики ҳалокшуда 3 мард ва 1 зан будааст. Феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад. Каадом гурӯҳи чирикӣ то ҳол масъулияти ин сониҳаро ба дӯш нагирифтааст. Муҳаммадҷон Расулёр низ гуфта, ки иллати чархбол ғолибан фаннист ва дар ин ҳодиса дасти беруна зоҳиран мушоҳида намешавад.
Ширкати ✓Supreme Food❠ дар тирамоҳи гузашта дар иртикоби қазияи халабонҳои ширкати ✐Ролкан❬, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Тоҷикистон боздошт ва муддате маҳкум ба зиндон шуданд, дар забони расонаҳо афтода буд. Душанбе таҳти фишори Маскав ҳарду халабони ✐Ролкан❭-ро афв ва озод кард.
Ҳамчунин соли гузашта дар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар Афғонистон ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.
#новости


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев