Субҳия Норинова, як зани 23 солаи деҳаи Варзиканди ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, шоми 22 май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе чоргоник-3 духтар ва 1 писар ба дунё овардааст.
Наргис Ниёзова, духтуре, ки чоргоникҳоро парасторӣ мекунад, имрӯз, 25-уми май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло саломатии навзодон каме вазнин аст ва барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Ниёзова таъкид намуд, ки кӯдакон дар шуъбаи эҳёгарӣ, дар дохили қутии махсус мавриди табобати оксигенӣ қарор доранд: “Саломатии модарашон хуб аст, назди кӯдаконаш омада хабар мегирад. Ширмакониро аз пагоҳ кам-кам сар мекунем. Ҳозир ширро тавассути дастгоҳи махсус мегиранд”.:
http://www.ozodagon.com/21768-chorgoniki-2-yum-dar-soli-oila-prezident-hona-mediad-aksu-video.html