Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи попи тоҷик тасмим гирифтааст дӯст ва ҳампешаи маъруфаш Ҷонибек Муродовро барои таҳқир ва паст задани эътиқодаш ба додгоҳ кашад.
Ғафурӣ мегӯяд, Ҷонибек Муродов дар ғайби ӯ, дар ҳузури дӯстонаш намозхонии ӯро ба масхара кашидааст, дар ҳоле, ки дурӯғ мегӯяд.
"Ман боре ҳам бо Ҷонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рӯйирост дурӯғ мегӯяд, ки гӯё бо ман намози қаср хонда бошаду ман намозро имоматӣ кардаам ва ҳама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шуруъ карда бошанд.
Шояд ин шӯхӣ бошад, аммо намоз ки кори шӯхӣ нест ва ман инро таҳқири эътиқодам меҳисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре ҳазл мекард, қабул доштам. Ман бисёр фикр кардам, ҳоло тасмим дорам ба додгоҳ муроҷиат кунам. Бигзор барои таҳқираш, барои дурӯғу туҳматаш пӯзиш хоҳад.
Аз додгоҳ ҳам ҳаминро тақозо хоҳам кард, ки расман ва ба тарзи оммавӣ узрхоҳӣ кунад. То ҳама бинанд ва донанд, ки ин як туҳмат буд. Чунки ин масхараи Ҷонибек Муродовро, ки дар он эътиқоду эътибори банда паст зада шудааст, тамоми дунё дидааст. Ин наворро ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар "Одноклассники" ва "Ютюб" паҳн кардаанд. Чанд нафаре, ки он наворро дидаанд, ба ман дар ин бора гуфтанд", - мегӯяд овозхон.
Бино ба гуфтаи Ғафурӣ, вай чанд бор ба Ҷонибек Муродов, ки дар Тоҷикистон ҳузур надорад, барои изҳори назараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мактуб кардааст, аммо то ҳол ба навиштаҳояш посух нагирифтааст.