Роберт Фико гуфт, ки низоъ дар ҳар сурат бо музокирот хотима хоҳад ёфт, танҳо Иттиҳодияи Аврупо бидуни ноил шудан ба натиҷаҳое дар ин самт пули бештар ва ҳаёти дигаронро барбод медиҳад.
"Ғарб дар оғози ҷанг ба раҳбарияти Украина бастани созишро манъ карда буд, зеро умедвор буд, ки пас аз рехтани миллиардҳо ба Украина хирси маҷрӯҳшудаи русро дар табақе меорад. Ин кор нашуд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки фарзан 50 млрд евро барои 4 сол боз танку ҳавопаймо, аслиҳа ба Украина дода мешавад, аммо баъд аз се сол боз хоҳем дид, ки чизе ҳосил нашудаст.