Бо сулҳ рӯзгори хушу дилнишин кунем,
Ӯро нигини дилкаши ангуштарин кунем.
То ҷойи ӯ ба сина бувад зиндагӣ хуш аст,
Ӯро ба ҷои хашму ғазаб ҷогузин кунем.
Донӣ, ки ҷанг хонаи ҳастӣ хароб кард,
Ҳар кас ки сулҳ ҷуст, бинои савоб кард.
Тоҷик баҳри сулҳ ду каф бар дуо кушод,
Эзад дуои неки варо мустаҷоб кард.
Рудобаи Мукаррам