А
спи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси додгоҳи Олии Тоҷикистон шоҳҷоизаи бузкашии наврӯзии имсола дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлонро насиби соҳибаш кард. Аспи Шермуҳаммад Шоҳиён бо лақаби "Файсон" дар ин бузкашӣ ҷои аввал гирифт. Шоҳҷоизаи ин мусобиқаи мошини сабукрави "ВАЗ 2107" ва шутур буд.
Бузкашӣ рӯзи шанбеи 26 март дар деҳаи Лангари ҷамоати Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод миёни 200 асп аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, Нуробод, Ховалинг, Балҷувон ва ғайра баргузор гардид.