КОР АНҶОМ НАДОРАД...
Кор анҷоме надорад,
То қиёмат ҳам агар ҳар рўзу шаб заҳмат кашӣ,
Охири ин риштаи пурпечро натвонӣ ёфт.
Ақли солимро ба раҳ мон,
Аз паи ин боди нопайдо мадав.
Умр кӯтоҳ аст охир,
аз паси дунё мадав!
Эй бародар, кор ҳам мекун,
ҳамоно зиндагонӣ ҳам бикун,
Чор рўзӣ, чун дар олам,
одамӣ шав,
Рӯзгоре лоиқи Одам бикун!
Аҳлиддин ҲИСОРӢ