Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 16 ноябр видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон, нафари гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро нашр кард. Дар ин навор фарди гумонбар мегӯяд, ин воқеа субҳи 7 ноябр, ҳангоми ба кор рафтанаш иттифоқ уфтоадаст. "Шахсони номаълум омада бо ман салом карданд, онҳо чор нафар буданд. Ҳар чорашро бо корд задам. Ин кордро як моҳ пеш аз бозор харида будам," – шоҳидӣ додааст ӯ дар навор.
Дар ин навори вазорат аз ин бештар суханҳои Умедҷон Амрохон ҷо дода нашудааст ва маълум нест, ки муноқиса дар асоси чӣ рух дода ва оё ӯ дар ин кор танҳо будааст ё ҳамроҳони дигар низ дошт?
Субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ) афроди ношинос бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ
карданд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ҷон дода, Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.