Зиндагони мебарад моро гахе бар сархами,
Г’ам,ки омад меравад дунёи шоди бег’ами,
Дар хама дорогихову,дар хама бешу ками,
Мардиву мардонаги, бошад нишони одами.
Дар шикасту рехтхои зиндаги махзун машав,
Хар-чи меояд ба сар дилхаставу дилхун машав,
Заррае аз кучайи одамгари берун машав,
Мардиву мардонаги бошад нишони одами.
Гар хазор боло рави,охир ба поён мерави,
Аз чахон бо дасти холи бар гуристон мерави,
Кори неке пеша бинмо,суйи Яздон мерави,
Мардиву мардонаги,бошад нишони одами.
Одаму одамгарихо кори хар номард нест,
Заррае парво надорад,хар диле,ки дард нест,
Чехрайи сурх дар гумонаш чехрахойи зард нест,
Мардиву мардонаги,бошад нишони одами.
Эхтиром бинмо бародар,волидайни хешро,
Холи магзор аз дарат харгиз ягон дарвешро,
Дуст медорад Худо инсони хайрандешро,
Мардиву мардонаги,бошад нишони одами.
Номи неки ту бимонад баъди маргат то абад,
Гар-чи мемириву мехоби ту бар хоки лахад,
Лахзае нек бошиву дур боши аз хар феъли бад,
Мардиву мардонаги,бошад нишони одами.
Махкампур,такя бар Аллохи Акбар мекуни,
Зиндагониро ба изни У накутар мекуни,
Гар-чи месузи зи мотам,ёди модар мекуни,
Мардиву мардонаги бошад нишони одами.