Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон ва ифтитоҳи Комплекси чорводории ҶДММ “Мармарӣ”
Нимаи дуюми рӯзи 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Роҳбарият ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию ободонӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Комплекси чорводории гӯштии “Мармарӣ” дар деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар миқёси мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад.
Маҷмааи мазкур барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони шохдори зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба ферма 1500 сар чорво ворид гардидааст.
Ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 оғилхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадори чорво, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушти чорво буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Бо мавриди истифода қарор додани ширкати “Мармарӣ” зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар ширкати “Мармарӣ” 8 зоти гуногуни чорво, аз ҷумла Абердин-ангусси сиёҳ ва сурх, Лимузин, Симменталӣ, Шароле, Герофордӣ, Кабуди белгиягӣ, Обрак, Қаҳваранги швитсӣ ва зотҳои омехта парвариш карда мешаванд.
Ҳамаи зотҳои чорвои калони шохдори ба ҷамъият воридгардида ба шароит ва иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ буда, маҳсулнокиашон хеле зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1,5 киллограмм вазн мегиранд.