Аз кӯча ҳазар кардаву дар хона нишинед,
Андеша ба сар кардаву дар хона нишинед.
Дар кӯча бало аст,балое, ки набинӣ,
Бо ақл назар кардаву дар хона нишинед.
Бо гӯшӣ аз ин ҳол бипурсед азизон,
Аз ҳол хабар кардаву дар хона нишинед.
Фарёд касе кард, ки "эй дӯст, куҷоӣ?"
Гӯш аз ҳама кар кардаву дар хона нишинед.
Дар тезиву дар шӯриву дар талх даҳонро
Нотарсида, тар кардаву дар хона нишинед.
Шодона зи бар кардаву дар хона нишинед.
Наздик ба ҳам будани мо айни замон нест,
Дурӣ зи хатар кардаву дар хона нишинед.
Дилтанг чу гаштед, кушо боли ҳавасро,
Тасвири сафар кардаву дар хона нишинед.
Бону, ки агар гуфт: бихезу бари ман о,
Як ним назар кардаву дар хона нишинед.
Ояд ба дарат дӯст агар, дар ғами ҷон бош,
Душман паси дар кардаву дар хона нишинед.
Дар домани сабр аст раҳоӣ тану ҷонро,
Дил хуни ҷигар кардаву дар хона нишинед.
Аз доми бало роҳи раҳидан зи Худо аст,
"Қуръон" чу сипар кардаву дар хона нишинед.