Варзишгари тоҷик оид ба ҷудо Хушбахт Қурбонмаҳмадов, ки беш аз 7 моҳ инҷониб дар Амрико ба сар мебарад, азм дорад, дар Бозиҳои Олимпии 2020 ширкат кунад. Аммо барои расидан ба ин орзӯ ки тӯлониву серхарҷ аст, ин варзишгар бо кушодани суратҳисоб аз дӯстодорони варзиш кӯмак мехоҳад.