Ҳақ чунин гӯяд, ки эй ошиқ, туро Ҷонон манам, Бандаи ман, Каъбаи мақсуди муштоқон манам. Эй ба дарди ҳаҷр ҷонат мубтало гашта туро, Дарди ҷони ошиқи беморро дармон манам. Хезу рӯ овар ба саҳрои талаб муштоқвор, Дар ду олам з-он ки матлуби талабгорон манам. Он кӣ гардад дар биёбони ҳавоят ташнаком, Соқии он ташналаб аз бодаи эҳсон манам. Ишқи фарзандону хешонро зи дил овар бурун, Меҳрубонтар бар ту аз ёрону хешон манам. Ҳоҷате дорӣ, зи ман мехоҳ, не аз ғайри ман, Бандаи ман,қозии ҳоҷоти муҳтоҷон манам. Гар гунаҳкорӣ, м ашав аз раҳмати ман ноумед, З-он ки омӯрзандаи ҷурми гунаҳкорон манам. Гарчи исён кардаӣ,эй банда,беҳаду шумор, Рӯ ба даргоҳи ман овар,маҳвкунандаи исён манам. Тан зи чирки маъ