Дар нимаи аввали рӯзи 29 апрели соли 2024 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддошт, ё нотаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супорида шуд.
“ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Матни нотаи эътирозии вазорати хориҷа ба сафири Русияро бархе расонаҳои давлатӣ нашр карданд, вале то шоми 29 апрел матни он ҳанӯз дар сомонаи расмии худи вазорат ва ҳам дар сомонаи “Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр нашуда буд.
Нотаи эътирозӣ баёнгари идомаи танишҳоест, ки инак, чанд рӯз боз дар равобити байни Душанбе ва Маскав шиддат гирифтаанд.
Самадӣ гуфт, “дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯёни тоҷике ҳам ҳастанд, ки тибқи квотаҳои ҳукумати Русия дар қаламрави он кишвар таҳсил мекунанд” https://tajikpress.com/2024/04/30/%d0%bd%d0%be%d1%82%d0%b0%d0%b8-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%b7%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d0%be%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d0%bf%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев