Бо шаҳодати як хабарнигори дигар дар навори Ғазза, шумори шаҳидони хабарнигор аз оғози ҷанги артиши саҳюнистӣ алайҳи ин минтақа дар рӯзи 7 октябр ба 145 нафар расид.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Хабарнигори фаластинӣ, Адуллоҳ Наҷҷор” дар ҳамлаи ҷангҷӯёни артиши режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷабалия дар шимоли Навори Ғазза ба шаҳодат расид.
Бо шаҳодати ин хабарнигор шумори шаҳидони расона дар Навори Ғазза ба 145 нафар афзоиш ёфт.
Панҷшанбеи гузашта низ Маҳмуди Ҷаҳҷоҳ, хабарнигори пойгоҳи хабарии ФаластинПост ба ҳамроҳи аъзои хонаводааш бар асари бомбаборони маҳаллаи Ашшайх Ризвон дар шимоли Навори Ғазза тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расида буд.
Токунун даҳҳо хабарнигори дигар низ дар ҷараёни пӯшиши хабарии ҷанг алайҳи Навори Ғазза захмӣ шудаанд.
Аз ибтидои ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза дар 7-уми октябри 2023 токунун, низомиёни режими саҳюнистӣ шумори зиёде аз хабарнигоронро низ дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ боздошт кардаанд. https://tajikpress.com/2024/05/19/%d1%88%d1%83%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b0%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%be%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев