Раисҷумҳури Русия дар паёме ба раҳбари Инқилоби Исломии Эрон шаҳодати раисҷумҳур ва чанд нафар аз сарони ин кишварро таслият гуфт.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия дар паёме шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва ҳамроҳони эшонро дар ҳодисаи суқути чархбол ба раҳбари ин кишвар таслият гуфт.
Путин дар паёми худ навишт: “Самимонатарин ҳамдардиҳои моро дар робита бо фоҷиаи азиме, ки бар мардуми Эрон ворид ва боиси ҷонбохтани Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳур ва ҳамчунин теъдоде дигар аз шахсиятҳои барҷастаи ҳукуматии шумо шудро бипазиред.”
Вай афзуд: “Сайид Иброҳими Раисӣ, сиёсатмадоре барҷаста буд, ки тамоми умраш вақфи хизмат ба меҳан буд. Ӯ ба ҳақ аз эҳтироми болое назди ҳамватанони худ ва иқтидори қобили таваҷҷӯҳе дар хориҷ аз кишвар бархӯрдор буд.”
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин навишт: “Ӯ ба унвони дӯсти воқеии Русия, мушорикати шахсии арзишманде дар тавсеаи равобити ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳоямон дошт ва талоши зиёде барои расондани онҳо ба сатҳи мушорикати стротежик анҷом дод.” https://tajikpress.com/2024/05/20/%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%b4%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%b8%d0%b8-%d0%bf%d1%83%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев