Пас аз инки низомиёни исроилӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф дар баробари неруҳои муқовимати исломии Фаластин мутаҳаммили шикаст шуданд, як масъули саҳюнистӣ эътироф кард, ки Амрико ҳам қоил ба ин аст, ки қодир ба ҳазфи ҷунбиши Ҳамос нест.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, пас аз шикастҳои пай дар пайи низомиён палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза аз неруҳои муқовимати исломии Фаластин, як масъули исроилӣ эътироф кард, ки ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳазфшуднӣ нест.
Рӯзномаи саҳюнистии “Maariu” ба нақл аз ин масъули исроилӣ, ки ишорае ба номаш накард, гузориш дод: «давлати Амрико ҳам ба ин воқеият расидааст, ки Ҳамос пас аз ҷанги Ғазза, аз байн нахоҳад рафт».
Вай бо баёни инки Ҳамос ба наҳви дигаре дар Ғазза ҳузур хоҳад дошт, хабар дод: «ҳадафи Амрико, тазъифи Ҳамос аст то натавонад ҳамлаи низомӣ шабеҳ ба ҳамлаи ҳафти октябр (Тӯфони Ал-Ақсо)-ро анҷом диҳад». https://tajikpress.com/2024/05/19/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев