Вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмонҳои ҳамкориҳои Шанхай иброз дошт, ки хатари асосӣ ба Осиёи Марказӣ аз сӯи гуруҳҳои террористии ҳозир дар Афғонистон мебошад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона гуфт: “Таҳдиди асосӣ дар Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои радикалии террористии воқеъ дар Афғонистон аст.”
Ба гуфтаи Шойгу, вазъ дар ин ҷо мушкил боқӣ монда, манбаи густариши терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад.
Вазири дифои Русия афзуд, дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талошҳо барои барқарор кардани мавқеъҳои пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро тақвият додааст.
Дар сӯҳбат бо ҳамкасбон аз кишварҳои узви СҲШ Шойгу изҳор дошт, ки мушовирони хориҷӣ дар ташкили тахрибкорӣ, ки Украина дар қаламрави Русия анҷом медиҳад, ширкат мекунанд. https://tajikpress.com/2024/04/27/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d0%b0%d1%81%d0%be%d1%81%d3%a3-%d0%b1%d0%b0-%d0%be%d0%bc-%d0%b0%d0%b7-%d2%b7%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b1%d0%b8-%d0%b0%d1%84%d2%93/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев