Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе узви "Гурӯҳи 24" Билол Қурбоналиевро ба даҳ сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукм дар охири моҳи феврали имсол содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи онро рӯзи 11-уми апрел гирифт.
Як масъули Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бе зикри номаш гуфт, Билол Қурбоналиев “ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуд”. Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфта ва то куҷо иттиҳомро пазируфтааст.
Пайвандони ин узви “Гуруҳи 24” ва вакили дифои ӯ феълан барои суҳбат дастрас нестанд. Намояндагони додгоҳ ба ҷуз тасдиқи ҳукм ҷузъиёт намедиҳанд.
Ҳусейн Ашӯров, иҷрокунандаи вазифаи раиси “Гурӯҳи 24”, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Билол Қурбоналиев “ғайриқонунӣ” донист.
Ӯ рӯзи 11-уми апрел гуфт: “Шохаи судӣ (додгоҳӣ) дар Тоҷикистон мустақил нест ва ба нафъи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Қурбоналиевро барои доштани ақидаи сиёсияш зиндонӣ карданд. Ҳадафи ҳукм хомӯш кардани садои озодихоҳон ва тарс додани қишри ҷавони кишвар аст. Аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч интизорӣ надорем, аммо аз ҳукуматҳои аврупоӣ мехоҳем фаъолони сиёсиеро, ки ҷонашон дар хатар аст, аз кишварҳояшон набояд ихроҷ кунанд.” https://tajikpress.com/2024/04/12/%d0%b4%d0%be%d0%b4%d0%b3%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bc%d0%be%d0%b8%d0%bb%d0%b8-%d1%81%d0%be%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%83%d0%b7%d0%b2%d0%b8-%d0%b3%d1%83%d1%80%d3%af%d2%b3%d0%b8-24-%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев