Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:20

Вилояти Курс ҳам минбаъд муҳоҷиронро ба кор дар таксӣ роҳ намедиҳад.

Қаблан чунин тадбирҳо дар Қрим, вилояти Тула, Ёқутистон, инчунин дар вилоятҳои Калуга, Тюмен, Челябинск, Курган, Магадан, Новосибирск, Амур ва Округи мухтори Ханти-Манси ҷорӣ шуда буданд.
Маҳдудиятҳо инчунин дар соҳаҳое, ба монанди нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдои баъзе молҳо татбиқ мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо ба муҳоҷирон иҷозаи кор дар сохтмон, меҳмонхона, тиб ва ҳатто кишоварзиро ҳам лағв карданд.
Аммо сухан дар бораи кори муҳоҷирон дар доираи патент меравад. Хориҷиён аз кишварҳои ИИАО барои кор дар Русия (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) ба патент эҳтиёҷ надоранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:45
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:00

Маълум гардид, ки дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

“Ба ҳолати имрӯз, 2 май дар ҷумҳурӣ 24 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт аст”, - гуфт Элмурод Турсунов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба @Sputnik_Tajikistan.
Ба гуфтаи ӯ аз ҳама беш собиқадорон дар Хатлон – 10 нафар боқӣ мондаанд. Дар дигар шаҳру вилоятҳо шумораи собиқадорон чунин аст:
🔹Суғд – 6 нафар;
🔹Душанбе – 3 кас;
🔹НТҶ – 5 нафар.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:40

Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷадвали мактабҳои ибтидоӣ тағйир ёфт.

Хонандагони синфҳои аз 1 то 4 ва ҳамчунин дар кӯдакистонҳо рӯзи 10 май истироҳатӣ аст. Дарсҳо ба рӯзи шанбе - 4 май гузаронида шуданд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илм.
Аммо хонандагони синфҳои аз 5 то 11 ва ҳамзамон донишҷӯёни донишгоҳҳо аз рӯи ҷадвали қаблӣ таҳсил мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:10

Ҷудокорон пеш аз мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" тамрини ниҳоиро анҷом медиҳанд.

Ин мусобиқа фардо оғоз шуда, то 5 май давом мекунад.
Дар он 446 ҷудокор аз 72 кишвар ширкат карда, Тоҷикистонро 37 нафар намояндагӣ хоҳад кард.
00:15
ҷудо
34 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:52

Ситораҳои ҷудо барои ширкат дар мусобиқоти Тоскулоҳи бузург вориди Душанбе шуданд.

Дар арафаи мусобиқаи бонуфуз дар пойтахт варзишгарони хориҷиро гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд.
Масалан, масъулини чорабинӣ қаҳрамони дукаратаи олимпӣ аз Ҷопон Шохеи Оно ва ҷоизадори секаратаи олимпӣ, намояндаи Фаронса Тедди Ринерро ана ҳамин тавр бо тоқиву ҷомаи миллӣ истиқбол карданд.
Бино ба иттилоъи федерасиюни ҷудои Тоҷикистон, мусобиқаи бонуфузи “Gran Slam”, ки Тоҷикистон барои нахустин бор мизбони он аст, аз 3 то 5 май дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешавад.
00:46
video_2024-05-02_09-51-49
124 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:25

Дар Данғара мусобиқаи парапланчиён давом дорад.

Барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат беш аз 100 варзишгар аз Русия, Осиё, Аврупо ва Амрико омаданд, хабар медиҳад хабарнигори @Sputnik_Tajikistan.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:40

Бонки милли Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба иттилои БМТ, созишномаи мазкур назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ, ошкор ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилоти қарзиро фаро мегирад.
Созишномаи ҳамкориро раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Бонки марказии Ӯзбекистон ба имзо расонданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:30

Вазорати мудофиа нақшаи якмоҳаи даъвати баҳориро эълон кард.

Ба ҷуз аз ВМКБ, ки нақшаи даъватро дар нахустин рӯз анҷом дод, вазъ дар шаҳру вилоятҳои дигар чунин аст:
🔸НТҶ – 74%;
🔸Хатлон – 86%;
🔸Суғд – 55%;
🔸Душанбе – 51%
Дар умум вазорат зикр намуд, ки нақшаи даъвати баҳорӣ давоми як моҳ дар умум 70% иҷро гардид.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:38

Деваштич низ дар моҳи саввуми баҳор барфпӯш шуд.

Аксро як ҳамванди @Sputnik_Tajikistan фиристод.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:24

Малахи марокашӣ ба панҷ ноҳияи Хатлон ҳуҷум кардааст.

Феълан дар ноҳияҳои зикршуда марҳилаи безарарсозӣ идома дорад.
Мутахассисон мегӯянд, малахи марокашӣ асосан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм мегузорад ва давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо меравад.
00:41
малах
266 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:05

Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлат низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ кард.

Дар феҳрасти кишварҳое, ки ВКХ Тоҷикистон интишор намуд, Ватикан, Бразилия, Кипр, Фаластин ва ғайра ном бурда шуданд.
Илова бар ин, афроди аз 55-сола боло аз 16 кишвари дигар метавонанд 2 ҳафта бидуни раводид дар Тоҷикистон бимонанд.
Тағйирот аз 1 майи соли 2024 эътибор пайдо мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 19:41
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 18:32
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 16:46
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 16:34
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 15:10
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 13:25
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 30 апреля в 11:58
01:15
VID_20240430_072045_005.mp4
141 просмотр
Показать ещё