Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:15

“Ҳамеша дар хотири мо боқӣ мемонад”: ҳамдарди Рустами Эмомалӣ аз даргузашти Поносов.

Раиси шаҳри Душанбе ба наздикону пайандони Юрий Поносов ҳамдардӣ баён намуда, марҳумро ходими барҷаставу муваффақи ва шахсияти намоён дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
“Марҳум ҳамчун шаҳрдори Душанбе (1994-1996), дар рушду нумӯи пойтахт саҳм гузоштааст, ки ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад”, - омадааст дар номаи ҳамдардӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:30

Путин Киселевро бо солрӯзаш табрик гуфт.

"Чунин кори бузургу пурсамар сазовори эътирофи амиқ аст", - мегӯяд президенти Русия.
Сарвазир Михаил Мишустин низ орзуҳои худро баён кард. Вай истеъдод ва таҷрибаи журналистии Киселёвро (https://t.me/Sputnik_Tajikistan/25250) қайд кард, ки ба ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар мусоидат мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:00

Мунтахаби Тоҷикистон аз тими футзали Таиланд шикаст хӯрд

Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ тими миллии оҷикистон аз дастаи Тайланд бо ҳисоби 5:6 шикаст хӯрд.
Акнун мунтахаби футзали Тоҷикистогн барои ҷои саввум бо ғолиби ҷуфти Ӯзбекистон ва Эрон бозӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:20

ВКХ аз мушкили шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марзи Русия изҳори нигаронӣ кард.

Ин мавзӯъ дар мулоқот бо сафири Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонн Семён Григорев баррасӣ шуд.
Вазорат гуфтааст, ки мавориди рад шудани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия "густурда аст".
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:50

Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус боздошт шудааст.

Ин иттиллоъро нерӯҳои амнияти Русия ба @Sputnik_Tajikistanтаъйид намуданд. аммо ба манофеи тафтишот аз ифшои он худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, РБК бо такя ба як манбаи худ дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки Ҷумахон Қурбонов, марди соли таваллудаш 2003 боздошт шудааст.
Ӯ дар содир кардани ҳамлаи террористӣ, ки қасдан боиси марги инсон шудааст, муттаҳам мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:17

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон дармондаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ дод, мардум интизори имкони вуруд ба вилояти Оренбург тавассути гузаргоҳи байналмилалии "Сагарчин" ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки вазъ таҳти назорати раиси диаспораи тоҷикони Оренбург қарор дорад.
Ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бо об, ғизо ва мева таъминанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:10
01:16
солрӯзи Киселёв
32 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:40
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:10

Шойгу: осори ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба Украина мебарад.

Вазири мудофиаи Русия дар нишасти вазирони дифои СҲШ ҳамчунин гуфт, ки ҳама гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:17

Дар Тоҷикистон боронгарии сахт мешавад.

Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки рӯзҳои 27-28 апрел ҳаво ноустувор шуда, боришоти шадид хоҳад шуд.
Борон аз ҷумла дар ноҳияҳои минтақаи Хатлон, НТҶ ва ВМКБ бошиддат мешавад.
Илова бар, ин раъду барқ, селфароӣ ва боридани жола низ пешгӯӣ шавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:00

ИМА аз Украина талаб кард, ки "Абрамс"- ҳои амрикоиро аз хатти ҷабҳа берун кашад

Сабаби ин ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия аст, менависад Associated Press.
Як мақоми низомии амрикоӣ ба ин агентӣ гуфтааст, ки танкҳо дар муқобили ҳавопаймоҳои бесарнишини арзони Русия беқувватанд.
Аз 31 танке, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина супурда шудааст, аллакай 5-тоаш нобуд шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Дар кӯҳистони Тоҷикистон як кӯдак ҳалок шудаст.

Кӯдаки 6-сола аз рустои Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми чаронидани чорво аз дарёи кӯҳии Шӯрак убур карда, лағжида, ба об афтод ва ғарқ шуд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Наҷотдиҳандагон танҳо бегоҳ тавонистаанд ҷасади кӯдакро пайдо кунанд.
Кумита ба таври қатъӣ ба аҳолӣ ҳушдор медиҳад, ки то 30 апрел, то коҳиши хатари фаромадани сел ва ярч аз рафтан ба чарогоҳҳои кӯҳӣ, моҳидорӣ ва гиёҳчинӣ худдорӣ кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:00

Занону кӯдакон аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Бо дастури раисиҷумҳур мақомот 13 оила : 15 зан, 17 духтар ва 15 писарро ба ватан баргардонданд.
Масъулин мегӯянд, пас аз анҷоми марҳилаҳои зарурии офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ онҳо ба муҳити хонаводагӣ ворид мешаванд.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2019 то соли 2023 ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 зану кӯдаки тоҷикро аз урдугоҳҳо барои хешовандони ҷангҷӯён дар Ироқу Сурия баргардонд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:30

Юрий Поносов, муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон даргузашт.

Ӯ дар роҳ ба беморхона бар асари сактаи қалб дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон додааст. Ӯ 83-сола дошт.
Юрий Поносов дар Тоҷикистон мақомҳои баланд, аз ҷумла вазири сохтмон ва муовини аввали сарвазирро бар ӯҳда дошт. Пас аз кор дар Тоҷикистон ба Маскав рафт ва соли 1998 ба ҳайси роҳбарии раёсати Кумитаи давлатии сохтмони Русия кор мекард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:00

ВКД мехоҳад шаҳрвандон “Рӯзноманигори мобилӣ” шаванд.

ВКД хабар эълон кардааст, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд ҳамчун рӯзноманигори мобилӣ вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ вайрон ва риоя накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, наворҳои видеоӣ ва хабару маълумотро ба шабакаи иҷтимоии ирсол намоянд.
Ба иттилои манба сокинон метавонанд дар бораи ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм-экстремизм, савдои одамон, қочоқ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷойи пинҳоншавии ҷинояткорон ва ғайра), ҳуқуқвайронкуниҳо, мардумфиребӣ, машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ, фолбинӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, гузаронидани ма
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:35

Собиқ раиси парлумони Тоҷикистон вазифаи нав гирифт

Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ахиран дар Пленуми 4-уми ғайринавбатии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Шукурҷон Зуҳуров ба вазифаи Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон интихоб гардид.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:15

Таърихи Тоҷикистон дар пули 3 сомонӣ

Пути 3 сомониро акси Шириншоҳ Шоҳтемур ва бинои парлумони Тоҷикистон оро медиҳад.
Чаро маҳз Шириншоҳ ва бинои палумон дар пули 3 сомонӣ дарҷ шудааст, аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:50

Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев аз муваффақиятҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Дар ин бора ӯ дар Конгресси саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё дар Душанбе изҳор дошт.
"Сатҳи фаъолияти тамоми соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи нуфузи он дар давлат ва дараҷаи эътимод ба ҷомеа мебошад», - афзуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:15
Показать ещё