Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:30

Суғд ба хориҷ 30 ҳазор тонна меваи хушк содирот кардааст

Дар чор моҳи соли равон аз вил¬ояти Суғд ба кишварҳ¬ои хориҷи дуру наздик наздик 30 ҳазор тонна хушкмева ба ма¬блағи 12 млн дол¬лар содирот карда шу¬дааст.
Меваҳои хушк аз вилояти Суғд ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Амрико, Ироқ, Полша, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо соди¬рот шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:00

Аҳмадзода кӯмакпулиҳоро ба ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳафт ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта додааст.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 40 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:45
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:00

Ташкилкунандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус дар хориҷа мебошанд.

"Мо тахмин медонем, ки ӯ кист, ташкилкунандаи асосӣ дар хориҷа нишастааст", - гуфт сардори ФСБ-и Русия Александр Бортников.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳоле, ки амалиёти тафтишотӣ идома дорад, ҷузъиёти бештар дар ин бора нашр намешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:30

Наздик ба 8 млн нафар истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон

Тавре хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст, дар семоҳаи аввали соли 2024 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар соли 2024 7,8 млн нафар мебошад, ки 89,5 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Аз ин 61,94% мардҳо 37,8% занҳо ва 1,91% идораву корхонаҳо мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:30

Сабти беш аз 4 млн. корбарони интернети мобилӣ дар Тоҷикистон

Ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар кишвар дар семоҳаи аввали соли 2024 шумораи корбарони интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн нафарро ташкил додааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:30

Рушди 51 дарсадии содироти Эрон ба Тоҷикистон

Сарпарасти дафтари Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русияи Созмони рушди тиҷорати Эрон бо ишора ба ҳаҷми содироти Эрон ба Тоҷикистон гуфт: Арзиши содироти Эрон ба ин кишвар дар соли гузаштаи 262 млн доллар буд, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қаблӣ, 51% афзоиш дошта аст.
Вай ҳамчунин аз афзоиши 36% дарсадии вазни содирот дар соли гузаша нисбат ба соли қаблӣ ва расидан ба вазни 325 ҳазор тоннаи хабар дод .
Ба гуфтаи вай саҳми бахшҳои умдаи содирот ба Тоҷикистон дар ин муддат шомили санъат 60%, маъдан ва саноеъи маъдании 25%, кишоварзи 10% ва петрошимии 5% буда аст .
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:30

Дар радабандии нави ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон дар зинаи 34-ум қарор гирифт

Пас аз нав шудани радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвари ҷаҳон бо 1167,37 имтиёз дар зинаи 34-ум қарор гирифт.
Байни дастаҳои Осиёӣ бошад мунтахаби мо зинаи 8-умро касб мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:00

Раҳбари Куба барои нахустин бор дар нишасти сарони ИИАО шахсан иштирок хоҳад кард

Дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), ки рӯзи 8 май баргузор мешавад, раҳбарони кишварҳои нозир Ӯзбекистон ва бори аввал Куба иштирок хоҳанд кард.
Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков дар як нишасти матбуотӣ.
“Дар нишаст ба ҷуз президенти Русия Владимир Путин, сарони Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард. Роҳбарони давлатҳои нозир, аз ҷумла Ӯзбакистон ва Куба ба ин нишаст даъват шудаанд ва дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар ҳайати васеъ ширкат хоҳанд кард”, - гуфт Ушаков.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30

Тавсияи мақомот барои сафар ба Қазоқистон: пеш аз сафар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошед

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳар нафар пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ бояд дошта бошад.
“Дар робита ба татбиқшавии чораҳои пурзӯри амниятӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон, пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошед”, - тавсия додааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Қайд карда шудааст, ки ҳангоми пурсишу тафтишҳои кормандони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии Қазоқистон зимни воридшавӣ ба он кишвар, шаҳрвандон бояд, ки ба саволҳои марбут ба мақсади сафар, замони бозистодан (будубош) ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:00

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар маросими савгандёдкунии Путин иштирок хоҳад кард.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар маросими савгандёдкунии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Кремл иштирок мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Бонуи тоҷик шоҳҷоизаи “Роза Востока”-ро соҳиб шуд.

Аз 2 то 6 май дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 7-умин Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон “Роза Востока” (Садбарги Шарқ) баргузор шуд, ки дар он Маҳина Нурова аз Тоҷикистон дар номинатсияи рақси ҳиндӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Дар Фестивал-озмуни мазкур аз 7 давлат - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қароқалпокистон, Булғория ва Русия иштирок доштанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:07
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:05
Показать ещё