Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Агар молу сарват ва сохтмонҳои як шаҳрро ба ту бибахшанд, оё хушҳол мешавӣ? Агар туро ҳокими он мамлакат қарор диҳанд оё қабул мекунӣ? Агар беҳтарин лаҳзаҳо ва хуштарин барномаҳоро иҷро кунанд шод мешавӣ? Агар беҳтарин таом ва хурданиҳоро бароят омода кунанд, мехурӣ? Агар беҳтарин филм ва мусиқиро биоваранд, гуш мекунӣ? Агар беҳтарин симо ва чеҳраро ба ту ато кунанд, дар оина ба он менигарӣ? Гумон кун мурдаӣ ва аҳлу фарзандон бар ту гиря мекунанд. Гумон кун бар ту сидру кофур мерезанд ва туро хушбу мекунанд. Гумон кун либосҳои зебои танатро канда бар ту кафани сафеду сода андохтаанд. Гумон кун туро дар тобут андохта ва аз чаҳор тарафи он гирифта давонмебаранд. Гумон кун имом бар ту намози ҷаноза мехонад ва охирин такбиротро адо мекунад. Гумон кун туро бар қабр гузошта ва охирин хишт бар дарвозаи он мегузоранд. Гумон кун бар ту хок мерезанд. Гумон кун инак дар қабр танҳо ва бекас дар торикии он дароз кашидаӣ. Гумон кун ин