...Солҳо нолидаӣ аз марҷи ҷон,
Кай шавад пайдо чунин як паҳлавон.
Боз навмед гаштӣ эй оинадор,
Чун дидӣ кас менадид дар вай нигор,
Кас наяст то сози ту хонад ба соз,
Кас наяст то рози ту донад ба роз.
"Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест"
Он ки Юсуфи туро гирад ба ҷон,
Омад андар хиттаи Кобулситон.
Баъди понздаҳ сол,ки рафтӣ аз ҷаҳон,
Зод дар олам ҳамон асрордон.
Баркушод ӯ дафтари мардонагӣ,
Дарс гуфт бо шеваи фарзонагӣ.
Баршикаст занҷири қалби бандагӣ,
Бандагӣ дар кеши ӯ шармандагӣ...
Буд чу Афредуни зебо,зеби тахт,
Лек тахташ буд ба руи санги сахт.
Бобу аҷдодони он некуравон,
Аз Самарқанд буд,аз Даҳбедиён.
Буд Яҳёхон-ниёш аз солеҳин,
Аз бузургони буми Панҷшерзамин.