Ганчина дар ин олами вайрона намоз аст,
Тавхид бувад бодаву паймона намоз аст.
Бе сачда ба даргохи Худо рох натавон ёфт,
Гар Каъба равони, дари он Хона намоз аст.
Ин бори азимест, ки бар кух гарон аст,
Ин нур даруни дили ушшоқ нихон аст.
Ғофил чу зи таъзими Худои, ту чи дони,
Як сачдаи огох бахои ду чахон аст.
Гар дар дили ту дарду ғами ишқи Худо нест,
Ин сачдаву тасбехи ту чуз бахри риё нест.
Гар ашк зи чашми ту равон нест, яқин аст,
Ки андар дили сангини ту як зарра сафо нест.
Бархез, ки ин умри ту чун бод равон аст,
Бингар, ки ачал дар паи хар пиру чавон аст.
Бо гиря мусаффо бикун оинаи дилро,
То кай хама даъвои ту аз руи забон аст...