Онон ки дар ин шахри гариби паи коранд,Овораву афтодаю бечораву зоранд,Зинхор мазан таьна ба эшон ту фалони,Зеро ки хама бандаи некони Худоанд,Як лукма ки нон мехуранд бо ранчу азобе,Бо обилаи дасти худу хаку халоланд,Дар даст агар чи хама дорандаи беланд,Бехтар зи каламдории дуздони замонанд,Айб нест агар марде кашад бори гароне,Мардони Худо зери хама бори гаронанд,Бок нест ки зан будаву е духтари точик,Хубаст ки поку хама чун оби равонанд,Гар дусти мани пайрави корни Худо бош,Ерони Худо хастии ин харду чахонанд.