Эй бародар заррае бар ҳеҷ кас бовар макун,
Дустонат гирди руят чун магас бовар макун.
Рози дил ҳаргиз магу бар ҳеҷ кас ғайр аз Худо,
Бар Худо бовар куну, бар хору хас бовар макун.
Рузи вазнини расад, аз ту ҳама созанд ҳазар,
Дар канорат нест, ҳеҷ фарёдрасе бовар макун.
Аз қафои вас - васи шайтон ҳазар созу марав,
Гар ту озоди , барандад бар қафас бовар макун.
Ишқ гуянду фиреб созанд бе чуну чаро,
Гар паризода бувад, чун булҳавас бовар макун.
Умри худро , ки Худо додааст бар бодаш мадеҳ,
Бар ту гуянд, ки биёяд боз пас бовар макун.
Бар насиҳатҳои ман панд гиру андеша кун,
Бар касе дар зиндагони як нафас бовар макун!!!!