Агар шоир шудӣ, аҳволи қавми дарбадарро гӯ,
Ҳадиси тифлакони ташна бар меҳри падарро гӯ.
Агар шоир шудӣ, ранги қаламро чун фалон шоир,
Макун сарфи ситоиш, аз ҳақиқат то ба шарро гӯ.
Агар шоир шудӣ, оинаи поки халоиқ бош,
Башар олудаи дарду ғам аст, дарди башарро гӯ.
Чӣ айёме, пайи як бурдаи нон дарбадар ҳастем,
Агар шоир шудӣ, аҳволи қавми дарбадарро гӯ.