Субҳ ба хайр, дӯстон!
Расад рӯзе, ки як мушкил намонад?
Шавад рӯзе, ки ғам дар дил намонад?
Ниҳоли дӯстӣ биншонад одам,
Дарахте хушку беҳосил намонад.
Расад бар манзили худ ҳар мусофир,
Касе дар чоҳ по бар гил намонад.
Бимонанд одаму олам, зи ҳар ду,
Дили ҳассоси соҳибдил намонад.
Шавад рӯзе, ки як зиндон набошад?
Зи бас ҳам ҷаҳлу ҳам ҷоҳил намонад.
Намирад ҳеч кас дур аз бари ёр,
Ғарибе дур аз манзил намонад.
Радифи бахт гардад зиндагонӣ,
Ғуломе зери ин маҳмил намонад,
На шоҳ аз мардуми оқил гурезад,
Ҳақиқат дур аз маҳфил намонад.
На баҳси фосиқу мулло бихезад,
Ки ҷо бар фитнаи каҷдил намонад.
Ҳама донанд ҷойи хеш, в-он гаҳ,
Ғараз дар байни мӯру фил намонад.
Худо гӯяд ҳ