Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам, Бо рӯзахӯрон қуввати гуфтор надорам. Хоҳам, ки ба як моҳ ҳама гушна нишинам, Аз гушнагиям шикваю озор надорам. Зеро, ки гуноҳони ман аз мӯӣ фузун шуд, Бо сад гунаҳам оқибати кор надорам. Шайтоннафасӣ, сӯи ман асло манигар ту, Ман майл ба шайтону гунаҳкор надорам. Аз чор ҷиҳат нафси аммора ҳама қуфл аст, То Ид ҷуз аз тавба дигар кор надорам. Ман рӯзааму майл ба ифтор надорам, Бас, бас ки дигар фурсати такрор