دوشنبه، 17.05.2024 /”خاور”/. مرکز مطبوعاتی نیروهای مرزبانی کمیته دولتی امنیت ملی جمهوری تاجیکستان اعلام کرد که روند ورود اتباع تاجیکستان، اتباع کشورهای خارجی و افرا...
Терроризм ва экстремизм – хатари ҷаҳонӣ Мувофиқ ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Имрўз ҷомеаи ҷахониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое ҳаст, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷом