Яке дар кунчи танхои, Яке дар ишку шайдои. Яке дар банди хасратхо, Яке дар доми расвои. Яке дар хасрати ноне, Яке дар кандани чоне. Яке хам довари чуяд, Яке дар кунчи зиндоне. Яке бо чехраи зард аст, Яке дар огуши дард аст. Яке аз мардихо нодор, Яке хушнуд номард аст. Яке дар хичрат аст ичбор, Яке з-ин дурихо бемор. Яке дар хоби ноз асту..., Яке аз зиндаги безор. Яке аз пири озурда, Яке барност дилмурда. Яке чарбаш набардорад, Яке хам нон нохурда. Яке дунё ба мо бошад, Яке аз бахт чудо бошад. Яке хам дар намоз бошад, Яке хам бе Худо бошад.