Ширк чист? Он сарф кардани намуде аз намудҳои ибодат ба ғайри Аллоҳ мебошад, агарчӣ ба фариштаи муқарраб, авлиё, олим, обид, сардор, бут, дарахт, офтоб, моҳтоб, дирҳаму динор ва ё пайравӣ кардани нафс. Ба сабаби чизҳои дар боло зикршуда бисёре аз мардум ба Парвардигори хеш мушрик мегарданд. Пас касе, ки аз ғайри Аллоҳ ҳоҷат пурсад, аз ғайри Ӯ (таъоло) (аз шахси ғоиб ё мурда) ёрӣ пурсад ва ё талаби мадад намояд, ё эътиқод бар он кунад, ки ғайри Худованд фоидаро ҷалб мекунаду зарарро дур месозад, ё ба бемор шифо медиҳад, ғоибро ҳозир мекунад ва ё мазлумро нусрат медиҳад, дар ҳақиқат ба Худои (пок аз шарик), ширк овардааст. Худованд фармудааст: “Албатта ширк бузургтарин зулм мебошад”. Сураи Луқ