Агар хоҳи зи дурбинӣ бидонӣ,
Бирав боре зи қабристон гузар кун.
Гузар карди барошон як дуъое,
Бад-он бар сӯйи хомушон назар кун.
Чу бини рафтагонро дар чи ҳоланд,
Зи дунёхоҳиву дунё ҳазар кун.
Ту боре ойиву боре бимирӣ,
Ба умрат лаҳзае ёди сафар кун.
Бибояд тӯшае бо худ бигирӣ,
Сафар ки доимист ақле ба сар кун.
Кафанро бенигору тугма пушӣ,
Зи пушиши гаронқимат ҳазар кун.
Туро ки то абад умри саҳар нест,
Нишину як даме ёди самар кун.
Ҳама шаб то саҳар дар хоби ғафлат,
Шаберо бо ибодатҳо саҳар кун.