Эй дӯстони ҷонӣ, эй мардуми мусалмон, Баҳри шумо муборак иди саиди Қурбон. Ман бар шумо ҳамеша дорам чунин таманно, Бошед ба ҳар шароит ҳақгӯву сахтимон. Дасти сахои худро доим кушода доред, Табъи касе насозед озурдаву парешон. Ҳар чӣ Худо бидода беш аст ё ки андак, Шукри Худо намоед бо сидқу аз дилу ҷон. Дар марзи синаҳотон бар ишқи поки Аллоҳ, Бо меҳр хона созед аз тоати фаровон. Аз шоҳроҳи некӣ берун қадам намонед, В- аз некиҳои карда бояд нашуд пушаймон. Доим ҳалолкору бе кори зишт бошед, Ҳамвора суфраҳотон лабрез бошад аз нон. Кибру ғуруру мастӣ шоёни шахси хуб нест, Бояд, ки пури Одам бошад ҳамеша Инсон. Дил бар ҷаҳон набандед, дунё бақо надорад, Мо меҳмони дунё, дунё ба мисли мизбон.