Гул накард, азизи ман, ишки ту ба гулдонам,
Хушку бесамар гардид решахои армонам.
Гунчахои умедам бар замини гам уфтод,
Сахнаи хазонрез аст сурати бахоронам.
Орзуи сабзи дил як дарахти хушке шуд,
То табар занад бехаш дасти сарди исёнам.
Мурги боварам чон дод андаруни оташзор,
Майсаи мухаббат сухт интизори боронам.
Боди гарму сузоне мевазад даруни шахр,
Дар диёри калби ман омада зимистонам.
Вакти бесамар боз ист соати дилам бишкаст,
Мон, ки дар мазори ишк ёдхо бигуронам.