Эй шӯх, ба як лаҳза барам бошу дигар ҳеҷ,
Як лаҳза фақат бохабарам бошу дигар ҳеҷ…
Қурбони ғазалхонаи лабҳои ту гардам,
Чун ханда ту меҳмони лабам бошу дигар ҳеҷ,
Чун киштии пеш аз сафари роҳи дарозе,
Дар соҳили чашмони тарам бошу дигар ҳеҷ.
Сахт аст ба бедорӣ ба лаб номи ту гирам,
Олоӣ ба табҳои шабам бошу дигар ҳеҷ.
Бигзор ба ташбеҳи ту ваҷҳе набиёбам,
Дар қофия андар ғазалам бошу дигар ҳеҷ.
То дар нафаси охири худ номи ту гирам,
Як бори дигар ҳамнафасам бошу дигар ҳеҷ.
Он рӯз, ки ҷон аз тани Шуҳрат бадар ояд,
Гардам зи сарат, даври сарам бошу дигар ҳеҷ.