Шунав харфи дили зорам,туро ман дуст медорам, Зи ишкат хастаам ёрам,туро ман дуст медорам. Фитодам аз гамат ранчур,зи байни ошноён дур, Ба чашми дустон хорам, туро ман дуст медорам. Намефахми садоямро, намебини нигохамро, Ба доми ту гирифторам, туро ман дуст медорам. Намедонам чи мехохи,ки бози дори бо калбам, Зи калби хеш безорам, туро ман дуст медорам. Шаби торику ёди ту, хамеша дар сифоти ту, Мани дилхаста бедорам, туро ман дуст медорам. Надори бовари бар ишк, набини холи ин ошик, Зи дарди ишк беморам, туро ман дуст медорам.