Аз Абухурайра (р) ривоят аст, ки он хазрат (с) фармуд:
Намози шахс дар чамоъат бисту чанд дарача бар намозаш дар
хона ва бозораш бартари дорад. Зеро хар гох яке аз шумо
дуруст вузў намояд, сипас фаќат барои адои намоз ба масчид
биёяд ва хеч амре аз намоз ўро ба сўи масчид наронад, хеч
ќадаме намегузорад, магар ин ки дар баробари он як дарача
маќомаш боло меравад ва як гунохаш кам мешавад, то ба
масчид бирасад.
Чун ба масчид дарояд, то хангоме ки намоз монеъи
баромаданаш шавад, гўё дар намоз мебошад ва ачри онро
мебарад ва фариштагон, то замоне, ки яке аз шумо дар чои
намоз хонданаш нишаста бошад, барои ў дуъо мекунанд ва
мегўянд: Худоё, бар вай рахмат бифрист, Худоё, ўро биёмурз,
Худоё тавба