Хоҳам,ки шавам кӯдак модар ба барам бошад, Дастони пур аз меҳраш болои сарам бошад. Дар кӯчаю паскӯча бо кӯдаки хамсоя , Бозӣ кунаму гардам, фатҳу зафарам бошад. Фарёд занад модар аз хона марав дуртар, Гӯям наравам хона, чашмони тарам бошад. Аз лойи лаби ҷӯе, созам ба худам хона, Дар хонаи лойинам, бас кару фарам бошад. Дар коғази испеде тасвир кунам дуне, Дар олами эчодам шамсу қамарам бошад. Дар базми арӯсихо, доира занад ҳофиз, Дар зери садо рақсам ҳар сӯ назарам бошад. Эй соҳиби дунёҳо, ин матлаби қалбамро, Як лаҳза муяссар кун, гӯям, ки карам бошад.