Шавад рӯзе,ки
дар болини
ҳасратҳо фиғон
дорӣ,
Нафас дар ғарғара чун мурғ
ҷону дил тапон дорӣ.
Ба сақфи хона чашми хеш
дузӣ зору пурҳасрат,
Куҷо бар рози дилгӯе дами
теғи забон дорӣ.
Бувад қобиз паи ҷонат
Азозил дар паи эмон,
Чӣ мушкилҳои пурошӯб
андар ин миён дорӣ.
Чӣ суд аз тахту давлат,ки
ба рӯи тахта меоӣ,
Ки рози оҷизе бар дасти
ғассолон аъён дорӣ.
Қабои сурх мепӯшию аз
чоки кафан ғофил,
Саре пурҳасрат андар зери
ақди ӯ ниҳон дорӣ.
Ба рӯи рахши дунё эминӣ аз
маркаби чубин,
Чу тифли найсаворӣ,сӯи
гӯристон давон дорӣ.
Ба гӯри тору пурваҳму
хунук дар бистари хорӣ,
Ба чандин доғу ҳасратҳои
гуногун макон дорӣ.
Равоқи манзари чашмат пур
аз хоки лаҳад гардад,
Ки